
Маросими ифтитоҳи чоҳи амудӣ дар деҳаи Сомғори ноҳияи Спитамен
12 октябри соли 2023, Ташкилоти Ҷамъиятии «Муносибатҳои иқтисодии тиҷорати
миёнмарзӣ»-и вилояти Суғд, дар доираи Лоиҳаи Рушди фарогири
деҳот/TRIGGER, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва BMZ маблағгузорӣ мешавад, бо
мақсади васеъ намудани шароити дастрасии омма ба оби нӯшоки ва полезӣ дар
ҷамоати Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамени вилояти Суғд маросими ифтитоҳи
иншооти инфрасохторӣ/чоҳи амудӣ, ки кариб 40 га заминҳои кишоварзӣ бо об
таъмин мегардад баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ Роҳбари минтақавии дафтари GIZ дар Тоҷикистон Дэниэл
Пассон роҳбари дафтари GIZ дар Осиёи Марказӣ изҳори қаноатманди оиди
ҳамкориҳои судманд изҳор намуд.
Инчунин бо сухани ифтитоҳи Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатии
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Аҳмедов
баромад намуд. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии “«Муносибатҳои иқтисодии
тиҷорати миёнмарзӣ»-и Мунир Аминов оиди моҳияти лоиҳа ва таъмини аҳоли бо
об суханрони намуд.
Сабина Олтхоф — роҳбари GIZ дар Тоҷикистон калиди мошини боркашонро ба
машваратчии деҳа Рахмонбердиев Норбой барои расонидани кумак ба аъзоени
Гуруххои истехсоли супорид.
Деҳқонони ҳозирин, ки дар татбиқи усули комплексии рушди захираҳои об ва
истифодаи он саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдории худро ба мехмонон баён
намуданд.
Дилрабо Рахими — муовини раиси ноҳияи Спитамен низ ба МИХД-и вилояти Суғд ва
дафтари GIZ изхори минатдорӣ изҳор намуд.


